Рӯзи 28-уми октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?
Соли 1707 бар асари заминҷунбӣ дар Ҷопон 5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дод.
Соли 1886 дар Ню-Йорк маросими расмии ифтитоҳи ҳайкали Озодӣ баргузор гардид.
Соли 1914 ширкати "Kodak" оғози кораш барои ташкили технологияи суратҳои рангаро эълон намуд.
Соли 1997 дар назди президенти Федератсияи Русия Комиссияи мубориза бар зидди экстремизми сиёсӣ дар Русия таъсис дода шуд.
Соли 1998 хизматрасонии ҷустуҷӯйии "Search" ба фаъолият оғоз намуд.
Соли 2011 Комроншоҳи Устопириён дар Латвия чемпиони самбои ҷаҳон ва соҳиби медали тило гардид.
Рӯзи 28-уми октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?
Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург дар ҳамгироию ҳамкорӣ дар фазои пасошӯравӣ бо мукофоти олии Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон "Ордени Иттиҳоди дараҷаи 1" сарфароз гардонида шуд.
Ҷашнҳои рӯзи 28-уми октябр
Рӯзи ҷаҳонии аниматсия.
Дар Русия рӯзи падаркалону модаркалонҳо.
Рӯзи 28-уми октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?
Соли 1913 - Солеҳ Холматов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Соли 1928 — Муҳаммад Болтаев, доктори илми фалсафа, профессор.