ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба мавзӯи таҳдиди террористон дахл кард.
Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, бахусус дар марз бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
"Ҷалби шаҳрвандони кишварҳои минтақа ба гурӯҳҳои террористие, ки дар қаламрави Афғонистон амал мекунанд, моро водор мекунад, барои рафъи таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ талошҳои муштарак кунем", - гуфт вазири корҳои хориҷӣ.
Ёдовар мешавем, ки нахустин нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон рӯзи 8-уми сентябр ба таври онлайнӣ баргузор шуд. Дар даври навбатии нишаст сарони вазоратҳои хориҷаи Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва ҳамчунин Русия ширкат мекунанд.
Дар ҷараёни дидор дар Теҳрон ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, барои мусоидат ба ташкили ҳукумати фарогир, бо ҳузури тамоми гурӯҳҳои этникӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон талош кунанд.