Кӣ бештар - паштунҳо ё тоҷикон: "Толибон"* дар Афғонистон нуфусшуморӣ мегузаронанд

Дар бораи нуфусшумории аҳолии Афғонистон дар ҷаласаи ҳукумати муваққатии "Толибон"* тасмим гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Гурӯҳи тундрави "Толибон"*, ки ҳамакнун ҳукумати Афғонистонро дар даст дорад, тасмим гирифтааст, барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронанд.
Дар ин бора муовини вазири иттилоот ва фарҳанги ҳукумати муваққатии ин кишвар Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар "Twitter" навиштааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим дар ҷаласаи ҳукумати муваққатии кишвар гирифта шудааст, ки дар ҷараёни он ширкаткунандагон масоили иқтисод ва дигар бахшҳои давлатро низ баррасӣ кардаанд.
Дар ин ҷаласа толибон ҳамчунин масъалаҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, баланд бардоштани тахассуси раҳбарони динӣ ва вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишварро баррасӣ кардаанд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Ҳукумати паштуншумул": тору пуди ҳукумате, ки "Толибон"* эълон карданд
Охирин барӯйхатгирии аҳолӣ дар Афғонистон соли 1979 (42 сол пеш) гузаронида шуда буд.
Мувофиқи маълумоти он замон, дар ин кишвар 15,5 миллион нафар зиндагӣ мекард. Бюрои миллии омор ва иттилооти Афғонистон шумораи аҳолии ин кишварро 32,9 миллион нафар ҳисоб кардааст, ки ин омор дар охири соли 2020 нашр шудааст.
Ёдовар мешавем, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардааст, ки ҳукумати Афғонистон бояд фарогир бошад, чун теъдоди тоҷикони ин кишвар дастикам 40 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад.
Ин оморро ахиран президенти Русия Владимир Путин низ зимни суханронӣ дар клуби "Валдай" тасдиқ кард.
Таъйиди вуҷуди як маркази таълимӣ дар Толиқони Афғонистон
Ногуфта намонад, ки умдаи аҳолии Афғонистонро тоҷикон, паштунҳо, ӯзбекҳо ва ҳазораҳо ташкил медиҳанд.
Дар авоили моҳи август "Толибон"* алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон босуръат ҳамла карданд. 15-уми ҳамон моҳ онҳо вориди Кобул шуданду рӯзи дигар аз поёни ҷанг хабар доданд.
Нерӯҳои амрикоӣ шаби 31 август фурудгоҳи Кобулро тарк карданд. Ин иқдом поёни ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон гуфта мешавад. Моҳи сентябр "Толибон"* эълон кард, ки охирин вилояти Афғонистон - Панҷшер таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст.
Баъдтар ҳайати хукумати муваққатии Афгонистонро эълон карданд. Раҳбарии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд бар уҳда дорад, ки дар замони ҳукмронии нахустини "Толибон"* вазири хориҷа буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон