Заминларза дар Тоҷикистон

Тоҷикистонро боз заминҷунбӣ такон дод

Дар Тоҷикистон заминларзаи 4-дараҷаӣ рух дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз заминларза сабт шуд, хабар медиҳад Маркази зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон.
Ба гуфтаи коршиносон, ин ҳодиса соати 15:21, ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Заминларза 3,9-дараҷаӣ ва маркази он дар умқи 151-километрӣ будаааст.
Гуфта мешавад, маркази он дар 400-километрии ҷанубу шарқтар аз Тошканд қарор доштааст.
Тоҷикистонро заминларза такон дод
КҲФ Тоҷикистон то ҳол дар бораи тахриби эҳтимолӣ ва пайомадҳои дигари заминларза хабар надодааст.
Ёдовар мешавем, ки яке аз заминларзаҳои шадидтарин дар қаламрави Тоҷикистон рӯзи 5 -уми октябр рух дода буд. Пас аз он пасларзаҳояш дар Ӯзбекистон: дар Сурхандарё, Қашқадарё, Самарқанд, Бухоро ва дигар вилоятҳои ин кишвари ҳамсоя эҳсос шуд.