Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Муҳриддин аз ҷойгоҳи тоҷикону эътирофи "Толибон"* гуфт: Ба расмият намешиносем

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон мавқеи давлат нисбати "Толибон"*-ро возеҳ гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон нияти эътирофи ҳукумати Кобулро надорад, ки "бидуни ба инобат гирифтани андешаи тамоми мардум, аз ҷумла миллатҳои дигар, бо зӯр ба қудрат расидааст".

"Тоҷикон бояд дар ҳайати ҳукумати нав ҷой гиранд, зеро онҳо 46 дарсади ҷамъияти кишварро ташкил медиҳанд", - гуфт ӯ зимни нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Эрон.

Вазир аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба авзоъ дар Афғонистон метавонад боиси "ҷанги нави шаҳрвандӣ" шавад.
"Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки ҳарчи зудтар барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, бо роҳи музокирот ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсии кишвар талош кунанд", - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Кӣ бештар - паштунҳо ё тоҷикон: "Толибон"* дар Афғонистон нуфусшуморӣ мегузаронанд
Ёдрас менамоем, ки моҳи август "Толибон"* ҳукумат дар Афғонистонро ғасб ва нерӯҳои амрикоӣ низ шаби 31-уми август Кобулро тарк карданд.
Моҳи сентябр "Толибон"* эълон кард, ки охирин вилояти Афғонистон - Панҷшер таҳти назорати он қарор гирифтааст.
Баъдтар ҳайати хукумати муваққатии Афгонистон эълон шуд. Раҳбарии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд бар уҳда дорад, ки дар замони ҳукмронии нахустини "Толибон"* вазири хориҷа буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
* - созмони террористи мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон