ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Директори Маркази миллии таҳқиқотии Гамалея оид ба эпидемиология ва микробиология Александр Гинтсбург интизори тасмими мусбат дар сабти номи ваксинаи зидди коронавирус барои кӯдакон дар Русия аст, менависад РИА Новости.
Ба гуфти ӯ, ба зудӣ сабти номи ваксинаи кӯдакона алайҳи COVID-19 дар назар аст.
"Ҳоло коршиносон кор мекунанд: ташхиси фармакологӣ гузаронида мешавад. Ман умедворам, ки ба зудӣ дар бораи сабти ном қарори мусбат қабул карда мешавад", - гуфт Александр Гинсбург.
Қаблан роҳбари маркази Гамалея хабар дода буд, ки ваксинаи коронавирус барои кӯдакон метавонад "Sputnik M" номида шавад, ки дар ин унвон "M" маънои барои хурдсолонро дорад.
Дар мавриди таъсири манфии ваксинаи COVID-19 ба наврасон, Гунсбург қайд кард, ки он ночиз аст. Пеш аз ҳама, ин дар баланд шудани ҳарорати бадан то 37,2-37,3 дараҷа ифода меёбад.
Маркази миллии тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Гамалея аллакай ба Вазорати тандурустии Русия бастаи ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирии ваксинаи "Гам-КОВИД-Вак-М" барои кӯдакон фиристодааст.
Гуфта мешавад, ки наврасон ихтиёран бо ризоияти волидон ё намояндагони қонунии онҳо вакзина хоҳанд гирифт.