ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Сергей Лавров дар як суханронии видеоӣ дар нишасти ҳамсояҳои Афғонистон дар Теҳрон гуфт: “Аз кишварҳои ҳамсояҳои Афғонистон мехоҳем иҷоза надиҳанд, нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО, ки пас аз хуруҷ аз Афғонистон мехоҳанд аз ин манотиқ раванд ва дар хоки кишварҳо ҳузури низомӣ пайдо кунанду мустақар шаванд”.
Вазири хориҷаи Русия дар идома гуфт, Амрико ҳамеша Афғонистонро танҳо василаи ҳалли вазифаҳои геополитикии худ медонад.
Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Русия, майли пайвастаи Ғарб барои табдили Афғонистон аз рӯи моделҳои худ боиси пайомадҳои фоҷиаборе, аз қабили душмании дохилӣ ва хунрезӣ, қутбӣ шудани ҷомеа, фурӯпошии иҷтимоӣ – иқтисодӣ фоҷеаи инсонӣ мунҷар шудааст.
Қобили зикр аст, ки дувумин нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки имрӯзҳо дар Теҳрон мегузарад, дар сатҳи вазирони умури хориҷа бо ҳузури муовини аввали раисҷумҳури Эрон оғоз шуд.
Дар ин нишаст вузарои хориҷаи Эрон, Тоҷикистон, Покистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шахсан ва вузарои хориҷаи Чину Русия ба сурати маҷозӣ ширкат карданд.