ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Муассиси "Tesla" ва "SpaceX" Илон Маск сарватмандтарин инсон дар таърихи рейтинги "Forbes" шуд, менависад ин рӯзнома.
Муваффақияти Маск ба шарофати саҳмияҳои "Tesla" дар биржа ва фармоиши мошинҳои электрикии "Hertz" будааст.
Ҳоло бошад, сарвати Илон Маск ба 300 миллиард доллар наздик мешавад ва сармояи бозории "Тесла" аз 1 триллион бештар шудааст.
"Forbes" вазъи молии Маскро дар охири бозорҳо дар рӯзи 25 октябр арзёбӣ кардаст, ки нисбат ба ҳафтаи қаблияш тақрибан 41,7 миллиард доллар афзоиш ёфтааст. Сабаби ин 13% боло рафтани саҳмияҳои "Tesla" арзёбӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан сарватмандтарин нафар дар рейтинги "Forbes" асосгузор ва мудири собиқи "Amazon" Ҷефф Безос буд. Вақте ки саҳмияҳои "Amazon" дар моҳи июл ба авҷи худ расид, сарвати ӯ ба 212 миллиард доллар баробар шуд.
Ҳоло дороии ӯ 196,5 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
Мавриди зикр аст, ки аввалин рейтинги сарватмандтарин одамон, тибқи арзёбии "Forbes", ҳанӯз соли 1918 пайдо шуда буд. Нашрия бори нахуст сарвати 30 сарватманди амрикоиро арзёбӣ кард ва сарватмандтарин нафари аввал Ҷон Рокфеллер бо дороии 1,2 миллиард доллар дар он замон буд.