Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоид ва сардию барфу борон

Обуҳавошиносон аз ҳавои номусоид дар охири моҳ хабар доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар рӯзҳои наздик ҳаво сард хоҳад шуд.
Ин ниҳод дар такя ба маълумоти ҳавосанҷон гуфтааст, ки аз 28 то 31 октябр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат дамои ҳаво поин рафта, борон ва дар ноҳияҳои баландкӯҳ барфи шадид меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо то ба 10-12 дараҷа поин меравад.
Зимнан КҲФ тавсияҳоеро дар ин шабу рӯз ироа кардааст.

"Бо фаро расидани ҳавои сард ба шабакаҳои барқ ​​сарбории чанд баробар зиёд мешавад. Ҳолате ки дар як вақт ба кор андохтани чанд дастгоҳи пуриқтидори рӯзгор метавонад бо расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ ва сӯхтор боис шавад", - гуфтанд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳолати коршоямии ноқилҳои барқӣ, розеткаҳо ва дигар асбобҳои барқӣ бояд санҷида шавад.
Манбаъ мегӯяд, истифодаи ҳич як асбоби барқии худсохт тавсия намешавад.
Ғайр аз ин ҳангоми фарорасии ҳавои хунук зарур аст, ки асбобҳои барқӣ, плитаҳои электрикӣ, гармкунакҳо, дегҳо, инчунин печҳо беназорат гузошта нашаванд.
Обу ҳаво: Пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик
Онҳое, ки дар ин рӯзҳо ба обанборҳо ва ё кӯҳистон ба шикор мераванд, бояд ба наздикони худ дар бораи хатсайри ҳаракаташон хабар диҳанд, телефони мобилияшонро фаромӯш накунанд.
Сокинони ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони Тоҷикистон бояд аз тавсияҳои КҲФ, Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳавошиносон кор бигиранд.
Илова бар ин боришоти дар пешистодаи тирамоҳӣ метавонад роҳҳоро хатарнок гардонад ва боиси афзоиши садамаҳо шавад. Соҳибони мошинҳо ва пиёдагардон бояд муҳтот бошанд.