"Фаввора"-и оташин: вулқон дар ҷазираҳои Канар бедор шуд

Дар ҷазираҳои Канар вулқони Камбре-Виеха бо нерӯи нав бедор шуд: "фаввора"-ҳои оташин ба фазо меандозад.
Sputnik
Қисман фурӯ рехтани вулқон ба он оварда расонд, ки "фаввора"-ҳои азими гудоза, газ ва хокистар ба фазо паҳн шавад.
Пас аз он таркиши муҳибе ва танҳо дар як рӯзи охир 274 мавриди заминларза сабт шудааст.
Дар пайи фуруд омадани гудоза беш аз 742 гектар замин ва беш аз 2000 бино хароб шудааст.