Духтари тоҷик миёни донишҷӯёни Осиёи Марказӣ ҷойи сеюм гирифт

Мӯниса Насруллоева, донишҷӯи Донишгоҳи Хуҷанд ба рӯйхати 15 беҳтарин донандаи забони чинӣ шомил шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар шаҳри Пекин озмуни "Пули чинӣ", ки ҳамасола барои донишҷӯёни хориҷ баргузор мешавад, ҷамъбаст гардид.
Барои маротибаи нахуст дар ин озмун донишҷӯи тоҷик миёни донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми саввумро азхуд кард, хабар медиҳад Sugdnews .
Номбурда, Мӯниса Насруллоева, донишҷӯи бахши 4-уми факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад. Ғолибият дар озмун ба Мӯниса Насруллоева имкон дод, ки ба рӯйхати 15 донишҷӯи беҳтарини донандаи забони чинӣ ворид шавад.
Донишҷӯи тоҷик дар Русия қаҳрамони навори таблиғотӣ дар бораи муҳоҷирон шуд
Қобили зикр аст, ки ҳамасола таҳти сарпарастии Сарраёсати Донишкадаҳои Конфутсий (Ҳанбан) Озмуни умумиҷаҳонии беҳтарин забондонҳои чинӣ миёни донишҷӯён таҳти унвони "Пули чинӣ" баргузор мешавад.
Аввалин озмун соли 2002 баргузор шуда буд. Аз он вақт инҷониб дар он зиёда аз 100 ҳазор донишҷӯ беш аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Манбаъ меафзояд, Мӯниса Насруллоева нахустин ширкаткунанда аз Тоҷикстон аст, ки дар ин озмун ҷойи ифтихориро ишғол намудааст.