ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар Душанбе ҷашнвораи “Оши палов” баргузор мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории "Авесто" дар истинод ба ҳукумати шаҳр.
Ҷашнвораи мазкур, ки дар он даҳҳо ошпаз аз бо тарзи гуногун оши палав мепазанд, рӯзи шанбеи 30 октябр баргузор мешавад.
Ҷашни мазкур дар ҳудуди муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” баргузор шуда, даромадгоҳ барои меҳмонон ройгон аст.
Таъкид шудааст, ки ба ин ҷашнвора бехтарин ошпазхои Душанбе даъват карда шудаанд. Илова бар ин, дар ин чорабинӣ ширкаткунандагон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва аз навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд кард.
Имсол дар ҷашнвораи мазкур на танҳо ошпазҳои беҳтарини тоҷик, балки ошпазони даъватшуда аз Ӯзбекистон, Афғонистон ва Русия низ имкон доранд ширкат варзанд.
Шаҳрдорӣ тавзеҳ дод, ки таомҳои омодашуда ба интернатҳои кӯдакона ва хонаҳои пиронсолон фиристода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин ҷашнвораи “Оши палав” соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Он замон дар ҷашнвора рекорди маҳаллӣ гузошта шуд. Дар деги азим кариб ҳазор кило оши палав пухта шуда буд.
Он замон оши палавро аз шаб ҳафт шпаз пухтанд. Барои он 250 кило биринҷ, бештар аз 300 килограмм сабзӣ, 200 кило гушт ва кариб 90 литр равган масраф шуд.
Ёдрас мешавем, ки аз соли 2016 Оши палави шарқӣ ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст.