ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Раиси вилояти Суғд, собиқадорони меҳнат Илёс Абунасров ва Моҳира Облоқуловаро аёдат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Бино ба гузориши манбаъ, раиси вилоят зимни суҳбат бо собиқадорон аз хидматҳои онҳо дар рушди соҳаҳо ёдовар шуда, ба онҳо кумаки моддӣ расонид.
Илёс Абунасров
Илёс Абунасров соли 1939 дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, дар оилаи коргар таваллуд шудааст.
Ӯ Институти омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси физика - математика хатм карда, солҳои тӯлонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 фаъолият намудааст.
Ӯ дар ҷумҳурию вилоят, шаҳри Панҷакент ҳамчун омӯзгори намунавӣ шинохта шуда, бо чандин ифтихорномаву сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва мукофотҳо қадрдонӣ гардидааст.
Моҳира Облоқулова
Моҳира Облоқулова бошад, соли 1940 таваллуд шудааст.
Ӯ мудири собиқи “Пиллаи тоҷик” дар шаҳри Панҷакент мебошад.
Солҳои зиёд дар соҳаи хидмати давлатӣ фаъолият намуда, бо чандин ифтихорномаву сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Панҷакент қадрдонӣ шудааст.