"Толибон"* аз суханони Путин дар бораи эътирофи ин гурӯҳ истиқбол кард

Вазорати умури хориҷии Афғонистон изҳороти Путинро мусбат арзёбӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Намояндагони "Толибон"* изҳороти президенти Русия Владимир Путинро дар бораи имкони эътирофи ҳукумати нави Афғонистон мусбат арзёбӣ карданд.
Дар нишасти мубоҳисавии бошгоҳи "Валдай" Путин гуфт, Русия тасмим мегирад, ки "Толибон"*-ро вобаста ба рафтори онҳо аз рӯйхати террористон хориҷ кунад. "Мо фикр мекунем, ки дар ҳамин самт ҳаракат карда истодаем", - афзуд ӯ.
Русия
Русия шарти эътирофи ҳукумати "Толибон"*-ро гуфт
Президенти Русия қайд кард, ки пеш аз ҳама қарори эътирофи ҳукумати нав дар Афғонистон бояд аз тарафи СММ гирифта шавад.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Афғонистон Абдулқаҳҳор Балхӣ дар "Твиттер" як матлаберо нашр кард, ки дар он аз мавқеи раҳбари Русия истиқбол шудааст.

"Вазорати корҳои хориҷии Иморати Исломии Афғонистон (таҳ. - низоми худхондаи "Толибон"*) аз изҳороти президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар робита бо хориҷ кардани номҳои раҳбарони иморат аз рӯйхати сиёҳ истиқбол мекунад", - навиштааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки аз 33 намояндаи нави ҳукумати Афғонистон 17 нафари онҳо барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои байналмилалии СММ қарор доранд.
Ҳамакнун беш аз ду моҳ аст, ки "Толибон"* қудратро дар даст дорад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре давлати онро ба расмият нашинохтааст.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон