ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар ВМКБ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, дар ғарби ин вилоят ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 9-14 дараҷа пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон ҳаво дар қисмати шарқӣ рӯзона 9-14 дараҷа хунук, шабона аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм мешавад.
Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш хоҳад буд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 15-20 дараҷа мерасад.
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш гузориш шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 18-23 дараҷа аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-9 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 20-22 дараҷа гарм мешавад.