ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тамоси телефонии президенти Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбекаш пас аз зуҳр доир гашт, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик гуфта, барои фаъолияти минбаъдаи давлатияш дастовардҳои нав ба нав орзу намудааст.
Зимни суҳбат ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди гуфтугӯ қарор гирифтаанд.
Дар номаи табрики президенти Тоҷикистон омадааст: "Мояи хушнудии ман аст, ки ба Шумо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми олии президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрикоти самимӣ ва таманниёти нек фиристам".
Раҳмон ба Мирзиёев саломативу рифоҳ, фаъолияти самарабахши минбаъдаи давлатӣ ва ба халқи ӯзбек сулҳу суботу шукуфоӣ орзу кардааст.
"Пирӯзии эътимодбахши Шумо дар интихоботи президентӣ боз як далели равшани дастгирии умумимиллӣ аз роҳи сиёсии Шумост, ки ба рушди босуръати кишвар ва таҳкими нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст", - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон талошҳои Мирзиёевро барои роҳандозии муносиботи нек ва шарикии стратегӣ баланд арзёбӣ карда гуфтааст, ки бовар дорад, "бо саъю кӯшиши муштарак минбаъд ҳам ба манфиатҳои халқҳои кишварҳоямон ва тамоми минтақа ҳамкории самарабахши байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро пеш хоҳем бурд".
Президенти Тоҷикистон омодагии худро барои амалҳои муштараки минбаъда ҷиҳати ғанӣ гардонидани мундариҷаи муносибатҳои ду кишвар бо иқдомҳои амалан нав изҳор доштааст.