ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Тибқи нархномаи нав, ки ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ тартиб додаанд, нархи сӯхти дизелӣ тайи ду рӯзи охир якбора 60 дирам баланд ва ба 10,8 сомонӣ баробар шудааст.
Дар ин миён нархи бензин ҳам 20 дирам тағйир ёфта, вобаста ба навъаш ба 10, 8 ва 11, 2 сомонӣ расидааст. Чаҳор рӯз қабл нархи сӯзишвории дизелӣ 10, 2 сомонӣ, бензини АИ 92 10, 6 сомонӣ, АИ 95 11 сомонӣ буд.
Дар шаҳри Хуҷанд ва навоҳии Суғд аксари мусофирбарҳо бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракат мекунанд ва чунин болоравии нарх мусофирону ронандаҳоро нигарон кардааст.
Абдуворис, як ронандаи микроавтобуси хатсайри Деваштич – Хуҷанд мегӯяд, афзоиши қимати маводи сӯхт ба фаъолияти онҳо таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад.
“Назар ба ду ҳафта пеш нархи солярка қариб 1,5 сомонӣ баланд шудааст. Агар чанд рӯз пеш 50 литр соляркаро бо нархи 465 – 475 сомонӣ мехаридем, ҳоло 540 сомонӣ, яъне 75 сомонӣ гаронтар шудааст”, - гуфт ронандаи мусофиркашон.
Сокинон мегӯянд, афзоиши нархи маводи сӯхт дар кишвар боз ҳам зарба ба ҷайби мардуми одӣ мезанад.
“Бо сабаби болоравии нархи маводи сӯхт роҳкирои мусофирбарро меафзоянд, ки боз ҳам онро ногузир мардуми оддӣ пардохт мекунад”, - иброз намуд Умар Шомирзоев, як донишҷӯ аз Хуҷанд.
Чунин тағйири нарх аз пешгӯии ахири ширкати “Газпромнефт” бештар аст.
Чанд рӯз муқаддам масъулини “Газпромнефт”, яке аз ширкатҳои бузурги воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон афзоиши нархи сӯзишворӣ дар кишварро пешгӯӣ карда буд. Масъулини "Газпромнефт" изҳор карда буданд, ки эҳтимол “арзиши як литр бензини АИ - 95 ба 11, 1 сомонӣ (0,98 доллар), АИ 92 ба 10, 9 сомонӣ (0,96 доллар) ва сӯхти дизелӣ ба 10, 5 сомонӣ (0,93 доллар) расад.
Ин ширкат сабаби болоравии нархро ба афзоиши арзиши маводи сӯхт дар кишварҳои содиркунанда, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва чанд давлати дигар рабт дод. Болоравии нархи ин мавод дар Тоҷикистон дар муқоиса ба аввали соли ҷорӣ 3, 7 то 3, 8 сомонӣ ё 55 – 60 % гуфта мешавад.
Дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ қимати як литр гази моеъ 4, 5 сомонӣ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ ҳудуди 7 сомонӣ буд. Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷ, асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад.