ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар посух ба суоли Sputnik Афғонистон дар бораи таъсиси ҳукумати фарогир Замир Кабулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфт: “Мо бояд пешвоёни сиёсии қавмиро барои музокира бо ҳукумати нав ҷустуҷӯ кунем.”
Кобулов дар посух ба ин суол, ки "оё дар бораи раҳбарони фирорӣ суҳбате ҳаст?", гуфт: “Ин чаҳор гурӯҳи этникӣ-сиёсӣ ҳастанд, ки ҳамеша дар Афғонистон ҳузур доштанд ва нақш бозидаанд".
Ӯ афзуд, "мо дар бораи чаҳор гурӯҳи қавмӣ ва сиёсӣ, аз ҷумла паштунҳо, тоҷикҳо, ҳазораҳо, ӯзбекҳо ва дигар қавмҳо сухан меронем, ки назари онҳо бояд дар ҳукумат ва дигар мансабдорон, дар марказ ва сатҳи маҳаллӣ пешниҳод карда шавад".
Қаблан дар нишасти сеюми Форуми Маскав дар бораи Афғонистон фиристодагони вижа ва мақомоти баландпояи Русия, Чин, Покистон, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва як ҳайати баландпояи "Толибон"* ширкат карданд.
Гурӯҳи террористии "Толибон"* 15 август, пас аз суқути ҳукумати вақт ва фирори президенти он Ашраф Ғанӣ вориди Кобул шуданд.
Ҳафтаи аввали моҳи сентябр онҳо кобинаи худро эълон карданд, ки бинобар ҳамашумул набуданаш мавриди бархӯрди шадид дар худи Афғонистон ва берун аз он қарор гирифт
Ҳамакнун беш аз ду моҳ аст, ки "Толибон"* қудратро дар даст дорад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре давлати онро ба расмият нашинохтааст.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон