Орзуи деринаи устодон татбиқ шуд: Ифтитоҳи озмоишгоҳи нанотехнологӣ дар ДМТ бо кумаки Эрон

Аз озмоишгоҳи ҷадиди нанотехнолегие дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯнамои шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Бинобар иттилои сафорати Эрон дар Тоҷикистон, фанноварии ҷадиде, ки дар зимни сафари раисҷумҳури ин кишвар ба Тоҷикистон эҳдо шуд, кунун дар озмоишгоҳи ДМТ насбу васл шуд.
Дар маросими ифтитоҳ, ки дар пайи дидори сафири Эрон дар Тоҷикистон ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гашт, дар робита ба густариши ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва омӯзиши технологияи нави замонавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ки дастгоҳҳо бо дастгирии президенти Эрон Сайидиброҳими Раисӣ ва ибтикори Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири ин кишвар дар Душанбе насбу васл шуд.
Открытие лаборатории нанотехнологии в национальном университете Таджикистана
Тибқи иттилои манбаъ, дастгоҳҳои наву замонавӣ барои самтҳои таҳқиқи илмҳои табиӣ, аз ҷумла илмҳои химия, физика, геология ва биология судманд мебошад. Дастгоҳҳо аз “Электроспиннинги якнасоса” (Electrospinning), “Спитеринги рӯйи мизӣ” (Desktop Sputtering), “Инфиҷори электрикии сим” (EEW), “Спектрофотометри нури дугона” (Dual beam spestpophotometer), “Гмогенизатори ултрасадои 400 Вт” (Ultrasonic homogenizer) ва “Осиёби сайёра” (Planetaru Ball Mill) иборат буда, функсияҳои нодири илмӣ-техникиро иҷро менамоянд.
Бо дастгирии сафорат коршиноси бахши нанотехнология аз Эрон Ҳусайн Гилонӣ давоми як ҳафта ба Институти илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ даъват шуда, ҷараёни фаъолияти дастгоҳҳоро ба мутасаддиёни институт омӯзонд.
Раисӣ Раҳмонро ба Эрон даъват кард
“Ин иқдом орзуи деринаи устодони риштаи табиатшиносӣ буда, дар самти амалишавии ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) мусоидат менамояд”, - гуфт ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон.
Зимнан таъкид шуд, ки нанотехнология дар Эрон аз соли 2001 рушд ёфта, ин кишвар дар ҷаҳон аз ҷиҳати истеҳсолоти нанотехнология ҷойи чорумро ишғол менамояд.