Ҳунармандони Тоҷикистон меҳмони Русия мешаванд

Ҳунармандони Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский меҳмони Русия мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар се шаҳри Русия "Фестивали театрҳои русӣ" баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар он Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский намояндагӣ мекунад.
Фестивали мазкур, ки аз 23 октябр шуруъ шуда буд, то 12 ноябр идома мекунад. Ҳунармандони ин театр дар шаҳрҳои Курган, Тюмен ва Ярослави Русия бо намоишҳои театрӣ дар назди тамошобинон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Театри Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин театрҳои кишварҳои ИДМ шомил шуд
Дар ҳамин ҳол Мунира Дадаева мудири театри мазкур ба агентии "Ховар" иттилоъ додааст, ки онҳо ҳамасола дар ин фестивал дар зимни барномаи "Болшие гастроли. Зарубежная программа" ширкат меварзанд.
Гуфта мешавад, ҳунармандони театри давлатии драмавии русии Тоҷикистон 27 октябр дар фестивал спектаклҳои "Тартюф"-и Ж.Б.Молер ва "Шабе дар театр"-и А. П. Чеховро намоиш медиҳанд.