ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро то 13,25 дарсад боло бурд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА "Новости" дар истинод ба сомонаи расмии БМТ.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ, меъёри бозтамвил 0,25 банди фоизӣ боло бурда шуд. Чунин иқдом бар асоси пешгӯии таъсири хатарҳои эҳтимолии дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисод бо назардошти фишору интизориҳои таваррум гирифта шудааст.
"Ҳадаф аз ин тасмим коҳиши сатҳи таваррум дар давраи миёнамуҳлат дар доираи шохиси ҳадафманд аст", - афзуд БМТ.
Ёдовар мешавем, ки охирин бор БМТ дар охири моҳи июли соли 2021 меъёри бозтамвилро тағйир дода буд.
Пас аз боло бурдани меъёри бозтамвил он ба 13 дарсад расида буд. Қаблан БМТ бинобар пандемияи коронавирус меъёрро то 10.75 фоизи солона коҳиш дода буд.
Лозим ба ёдоварист, ки меъёри бозтамвил меъёри фоизие ба шумор мешавад, ки бар асоси он, бонки марказии кишвар ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз дода, онҳо дар навбати худ барои соҳибкорӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсӣ ба аҳолӣ қарз медиҳанд.