Русия артиши Тоҷикистонро қавӣ мекунад

Русия ҳамасола дар ҷиҳати тақвияти артиши Тоҷикистон талош мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Ҳар сол дар пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон тақрибан ҳазор нафар мутахассисони ҷавон барои хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ омода карда мешаванд.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ сардори ситоди ин сохтор полковник Евгений Охрименко ибрози назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир беш аз шаш ҳазор низомӣ аз омӯзиши касбӣ гузаштаанд.
"Яке аз вазифаҳои воҳид омода кардани мутахассисони хурди артиши Тоҷикистон аз рӯи 14 ихтисоси асосӣ мебошад. Ҳар сол инструкторони Русия то ҳазор нафар низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи миллиро таълим медиҳанд", - таъкид кард Охрименко.
Вай гуфт, ки сарбозон дар курсҳои тайёрии тӯпчӣ, ронандаи танк, мошини ҷангии пиёда, тӯпчии бронетранспортёр, командири системаи ракетии чандкарата, тӯпчии худгард ва дигар ихтисосҳо таълим мегиранд.
Пойгоҳи низомии 201 дар пайи шиддати вазъ дар Афғонистон 30 танки замонавӣ мегирад
Охрименко гуфт, сарбозон омодагии хуби ҷангӣ доранд ва омодаанд, ба ҳама гуна таҳдидҳо дар Осиёи Марказӣ посух диҳанд.
Вай афзуд, ки ахиран дар ҳудуди пойгоҳ сохтмони як хобгоҳи нави сарбозон ба анҷом расид.