ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе барои корхонаҳои партовкашонии ноҳияҳои пойтахт 460 адад мошини махсуси коммуналӣ, аз ҷумла нақлиёти партовбарӣ харидорӣ намудааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, бо харидории беш аз 400 адад техникаҳои махсуси коммуналӣ фаъолияти корхонаҳои партовбарӣ дар пойтахт тавсеа ёфта, сатҳу сифати хидматрасонӣ беҳтар ва ҳолати санитарию экологӣ хубтар мегардад.
Дар ҳамин ҳол зикр мегардад, ки барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ нисбати 798 нафар шахси воқеӣ ва мансабдор санади маъмурӣ тартиб шудааст.
Манбаъ меафзояд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе 1707 адад нуқтаҳои партовҷамъкунӣ мавҷуд буда, ҳар рӯз ба Корхонаи воҳиди давлатии "Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе" ба ҳисоби миёна 650-750 тонна партов бурда мешавад.