Дар Душанбе филмҳои фаронсавӣ ройгон намоиш дода мешаванд

Имсол бори нахуст филмҳои фаронсавӣ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд сурат намоиш дода мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар Душанбе Фестивали ҷаҳоруми филмҳои фаронсавӣ баргузор мегардад.
Бинобар иттилои маркази фарҳангии "Бохтар", филмҳои фаронсавӣ аз 1 то 5 ноябр намоиш дода мешаванд, ки филмҳои бадеӣ, мустанад, аниматсионӣ, мазҳакавӣ ва драмавиро дар бар мегиранд.
Созмондиҳандагони ин фестивал сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва маркази фарҳангии "Бохтар" мебошанд.
Муҳиддин Музаффар аз филми миллиондоллариву қаҳрамони баҳсбарангез ва арзиши чиптаҳо гуфт
Манбаъ меафзояд, рӯзи якуми фестивал филми "Comme un Lion" ("Мисли шер") намоиш дода мешавад.
Зимнан рӯзҳои баъдӣ намоиши филмҳои "Хушбахтӣ", "Афсонаҳои шабона", "Дар ҷустуҷӯи занони ошпаз", "Ҳимояи фарзанд" дар назар аст. Бояд гуфт, ки ҳамаи филмҳои фаронсавӣ ройгон пешкаши тамошобинон мегарданд.
Маркази фарҳангии "Бохтар" таъйид намуд, ки соли ҷорӣ фестивали мазкур бори аввал дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баргузор мешавад.