Даргирии мусаллаҳона бо "Толибон"* дар Ҳирот

Дар маҳаллаи 15-уми Ҳирот задухӯрдҳои шадиди мусаллаҳона сурат гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар шаҳри Ҳирот "Толибон"* вориди задухӯрди мусаллаҳона шуданд. Воҳид Паймон, сардабири собиқи рӯзномаи “Ҳашт субҳ” дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ навишт, ки дар минтақаи пулиси Химдузани Ҳирот миёни аъзои собиқи гурӯҳи Мулло Маннон Ниёзӣ ва "Толибон" даргирӣ шуруъ шудааст.
Паймон таъкид мекунад, ки бархе аз аъзои Мулло Маннон Ниёзӣ ахиран бо ДИИШ* муттаҳид шудаанд.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории "Амаж" ахиран аз як даргирии шадиди мусаллаҳона дар маҳаллаи 15-уми шаҳри Ҳирот хабар дод.
"Толибон"* то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.
*-созмони мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон