ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Аҳволи Парвиншо Муҳаббатов, наврас ва Рамазон Синонов, омӯзгоре, ки дар натиҷаи ҳамлаи хирс дар Ванҷ захмӣ шуданд, беҳтар шуд. Дар ин бора сартабиби бемористони марказии ноҳияи Ванҷ Шовай Шоҳнасриддинов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Аҳволи ҳар ду ҳам хеле беҳтар шудааст. Тасб надоранд. Парвиншоҳро ҷарроҳӣ кардем, ҳамааш хуб гузашт", - гуфт вай.
Ба қавли мавсуф, муаллим ва наврас ҳудудан як ҳафтаи дигар дар бемористони ноҳия мемонанд ва сипас барои ташхис ба маркази вилоят, Хоруғ ё пойтахт, Душанбе мераванд.
"Дар Муҳаббатов осеби кушодаи косахонаи сар, ҷунбиши майнаи сар, шикасти копресионии устухони қафои сар ташхис шуда буд. Барои ҳамин ба хотири ташхиси тамографии сар ба маркази вилоят ва ё Душанбе мефиристем", - гуфт вай
Шоҳнасриддинов мегӯяд, ҷароҳати омӯзгор нисбат ба наврас сабуктар аст ва ӯ низ аз қисмати сар, қафаси сина ва ронаш ҷароҳат бардошта буд.
Ҳамлаи хирс ба Парвиншоҳ Муҳаббатови 14-сола ва Рамазон Синонови 48-сола 19-уми октябр дар ҷангали Ғумасти ноҳияи Ванҷ рух дод. Ба иттилои КҲФ, онҳо барои ҳезумчунӣ рафтанд ва ногаҳон мавриди ҳамлаи ҳайвони ваҳшӣ қарор гирифтанд.
Аз хирс натарсидам
Худи Рамазон Синонов, ки гуфта мешуд, дар асл хирс ба ӯ ҳамла накардаву ӯ ба хирс ҳамла кардааст, ҳодисаро ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард.
Синонов, варзишкор ва муаллими тарбияи ҷисмонии деҳаи Вишхарви ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ аст.
Ӯ ҳамроҳии чанд ҳамдеҳа, аз ҷумла наврасон ҳамон рӯз ба ҷамъоварии ҳезум ба ҷангал рафта буданд. Синонов вақте фиғони Парвиншоҳро мешунавад барои наҷоти писарак мешитобад.
"Парвинро дидам, ки зери пои хирс буд, ба наҷоташ шитофтам. Бо дастонам даҳони хирсро аз тани Парвин ҷудо кардам, он ба ман ҳамла кард. Ҳамроҳонам бо чӯб ва ҳар чизе доштанд, ба хирс заданд ва ҳайвон гурехт", - мегӯяд омӯзгор.
Рамазон Синонов мегӯяд, онҳо пештар низ барои ҳезумчинӣ ба ҷангал мерафтанд, аммо бори нахуст дучори чунин ҳодиса гаштанд.
"Ҳиссиёти тарс аз хирс набуд. Агар метарсидам, ба ҳайвони ваҳшӣ наздик намешудам, аммо аз дигарон даъват мекунам, ки эҳтиёт кунанд", - мегӯяд вай.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар пайи ин ҳодиса ба сокинон маслиҳат дод, ки чӣ гуна дар пайи дучор шудан бо хирс метавонанд худро наҷот диҳанд.
Хирс аз садои баланд метарсад
Ҳамин тавр, ба иттилои манбаъ, дар сурати рӯ ба рӯ омадан бо хирс бояд оромиро ҳифз кард. "Агар ҳайвон шуморо надид, пас талош кунед, оромона пайи кори худ равед, агар хирс ба тарафи шумо ҳаракат кард, тарсро нишон надиҳед", - таъкид мекунад манбаъ.
Ҳамчунин ин ҳайвон аз садои баланд ва ғалоғула метарсидааст. Ин ниҳод фирорро роҳи халосӣ намедонад, чун хирс метавонад бо суръати 40 км дар як соат ҳаракат кунад ва дар ҳар ҳолат инсонро ба замин мехобонад.
Ҳамчунин гузоштани ғизо дар ягон ҷо ва ё наздик шудан ба лошаи ҳайвонҳо тавсия дода намешавад: чун хирс ҳисси басо инкишофёфтаи кашфи бӯйи ғизоро дорад.
"Хирси роститода назари кунҷковона дорад ва дар ин ҳолат вай хатарнок нест. Талош кунед, аз назди хирс дур шавед, вале боз ҳам аз вай чашм наканед. Агар хирс ҳамроҳ бо шумо ба ҳаракат даромад, пас дар ҷойи худ истед. Ба умеди ҳимоя аз ӯ ҷонибаш чизе партоб накунед. Ин кори шумо боис мешавад, ки хирс ба шумо ҳамла кунад", - ҳушдор дод КҲФ.