ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Нерӯҳои дастаҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар машқҳои амалиётӣ ва стратегии "Бародарии ҷангӣ-2021" нишон доданд, ки Тоҷикистон аз ҳамлаи террористон ҳифз мешавад, гуфт дабири кулли СПАД Станислав Зас дар машқгоҳи Ҳарбмайдони Точикистон, ки тамринҳо дар он ҷо ба охир расиданд.
"Нерӯҳои дастаҷамъӣ ба тамоми ҷаҳон, аз ҷумла бадхоҳони мо, нишон доданд, ки ин сарзамин боэътимод ҳифз карда мешавад, ҳама гуна тарсу ҳарос пахш карда мешавад ва Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бо мушкилиҳо худ танҳо нахоҳад монд. Ин ҳам яке аз ҳадафҳои машқҳо буд ва мо ба он ноил шудем", - гуфт ӯ.
Зас қайд кард, машқҳо бо ҳадафи маҳви гурӯҳҳои террористӣ, сохторҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки воқеан ҳам барои кишварҳои мо ва ҳам барои худи Афғонистон хатаранд, баргузор шуданд.
Ба гуфтаи дабири кулли СПАД, иштирокчиёни машқҳо амалҳои касбӣ, сатҳи хуби ҳамкорӣ ва назоратро нишон доданд, ки "ба мо имкон медиҳад, хулоса барорем: нерӯҳои вокуниши фаврии ҷамъӣ воқеан барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар ҳама гуна ҳолат омодаанд".
Дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон машқҳои СПАД баргузор шуданд. Ба се марҳилаи машқҳо – "Эшелон", "Ҷустуҷӯ" ва "Муомила" тақрибан 4 ҳазор нафар бо 500 адад техникаи низомӣ ҷалб шуд.