Таъсиси Бунёди ёрии иқтисодӣ ба аҳолии Афғонистон

Олмон омодааст, 50 миллион еврои аввалро барои ин бунёд ҷудо кунад, Покистон низ ваъда додааст, ки ба ин кишвар кумак хоҳад кард.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Бунёди махсуси кумаки иқтисодӣ ба аҳолии Афғонистон аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст, хабар медиҳад РИА "Новости".
Мувофиқи маълумоти Барномаи рушди СММ, 97%-и оилаҳои афғонистонӣ эҳтимол то нимаи соли 2022 зери хатти фақр қарор бигиранд. Бинобар ин ин созмон саъй дорад, роҳи кумак ба шаҳрвандони онро пайдо кунад.

"Имрӯз, БРСММ бо анъанаи шарикии бисёрсоҳаи донорҳои созмон барои Афғонистон фонди махсуси эътимодбахш таъсис медиҳад. Ин василаест, ки тавассути он дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тариқи Созмони Милали Муттаҳид ба барномаҳои хеле мушаххас ва ҷалби муассисаҳои сершумор ихтисос меёбад”, - гуфт мудири Барномаи рушди СММ Ахим Штайнер зимни баргузории брифинге.

Олмон ба унвони аввалин кишвар омодагии худро барои додани 50 миллион евро ба ин фонд изҳор доштааст.
Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон ҳам зимни сафари рӯзи панҷшанбеяш ба Кобул ваъдаи 29 миллион доллар кумаки молӣ барои ин кишварро кардааст.
Масъалаи кумак ба ин кишвар дар ҷаласаи сеюми формати машваратҳои Маскав дар бораи Афғонистон рӯзи 20-уми октябр низ баррасӣ шуд.
Кобул дар остонаи фақр: дар пойтахти Афғонистон маводи ғизоӣ ва доруворӣ тамом мешавад
Иштирокдорони нишаст дар изҳороти ниҳоӣ аз кишварҳои НАТО, ки тайи 20 соли ахир дар Афғонистон ҳузур доштанд, даъват карданд, бори умдаи эҳёи ин кишварро ба дӯши худ бигиранд ва ҳамчунин ба таври оҷил конфронси донорҳоро таҳти сарпарастии СММ даъват намоянд.
Дар авоили моҳи август ҷонибдорони "Толибон"* амалиёти худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш доданд.
Онҳо 15 август бидуни ҷанг Кобулро гирифтанд ва худи ҳамон рӯз аз анҷоми ҷанг хабар доданд.
Ба миллионҳо кӯдаки афғонистонӣ гуруснагӣ таҳдид мекунад
Ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон дар авоили моҳи сентябр эълон шуд.
Онро Муҳаммад Ҳасан Охунд сарварӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали "Толибон"* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Ҳамакнун беш аз ду моҳ аст, ки "Толибон" (созмони терростие, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст) қудратро дар даст дорад, фақр рӯз ба рӯз дар ин кишвар бештар мешавад, иқтисод сукут мекунад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре давлати онро ба расмият нашинохтааст.
* - ҳаракатитеррористӣ, ки дар Русия ва як қатор кишварҳои дигар мамнӯъ аст