Муҳоҷирони муқими ноҳияи Красногорски вилояти Маскав акнун патентро аз Сахарово мегиранд

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои дарёфти иҷозатномаи кор (патент) дар вилояти Маскави Русия ба ноҳияи Красногорск муроҷиат менамуданд, минбаъд бояд ба Маркази бисёрсоҳаи муҳоҷиратии Сахарово муроҷиат намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия иттилоъ додааст, ки акнун муассиаи давлатӣ –буҷавии шаҳри Москва Маркази бисёрсоҳаи муҳоҷиратии Сахарово қабули ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани патент дар ҷиҳати фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ноҳияи Красногорски вилояти Москва кору зиндагӣ мекарданд, оғоз намудааст.
Акнун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дар вилояти Маскави Русия ба ноҳияи Красногорск муроҷиат менамуданд, бояд ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ “Сахарово” муроҷиат намоянд.
Маркази ягонаи муҳоҷират ба Сахарово кӯчонида мешавад
Манбаъ зикр кардааст, ки аз 1 ноябри соли ҷорӣ хидматрасонӣ роҷеъ ба таҳияи патент дар Маркази муҳоҷиратии ягонаи вилояти Маскав, воқеъ дар вилояти Маскав, ноҳияи Красногорск, и/п Путилково, 69 км РМҲМ (МКАД), ПТ “Гринвуд”, қ. 33 – 35, қатъ мегардад.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия афзуд, дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба масъулини намояндагӣ муроҷиат намоянд.