Зодрӯзи Руқия Қурбонова ва Рӯзи бабри барфӣ: 23 октябр дар таърих

Рӯзи 23-юми октябр Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ мебошад
Sputnik

23 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1776 дар натиҷаи инфиҷори вулқони Майон (ҷазираи Лусон, Филиппин) 2000 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дод.
Соли 1814 дар Англия аввалин ҷарроҳии пластикӣ гузаронида шуд.
Соли 1946 иҷлосияи нахустини СММ баргузор гашт.
Соли 2000-ум олимони Донишгоҳи Пенсилвания бактерияҳои қадимтаринеро кашф намуданд, ки қариб 250 миллион сол доштанд.
Зодрӯзи Сангалӣ Хоҷаев: 22 октябр дар таърих
Соли 2000-ум бостоншиносони Чин осорхонаи мусиқиеро пайдо намуданд, ки он 2 ҳазор сол пеш, дар замони сулолаи Хон сохта шуда буд.
Соли 2013 дар кинотеатри "Ҷомӣ" Ҳафтаи филмҳои лаҳистонӣ оғоз шуд.

23-юми октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои дуҷониба доир гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 23 октябр

Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ.
Рӯзи кормандони таблиғот дар Русия.

23 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1956 - ноиби сарвазири пешини ҶТ Руқия Қурбонова.

Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ

Бабри барфӣ ё озодапаланг аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст.
Дар Тоҷикистон ҳудуди зисти ин ҷонвар 86 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар шарқи Бадахшон ҷойгир аст.
Ин ҳайвони нодир дар баландиҳои то 5 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ва ҳатто аз он ҳам баландтар сукунат мекунад.
Озодапаланг дар дохили қафас дар водии Бартанг
Ин ҷонвар ба сардии ҳаво тобовар аст, аз ин рӯ онро бабри барфӣ ном мебаранд. Аммо баъзан ба иллати сербарфӣ дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳаллаҳои аҳолинишин низ мефарояд.
Зебогии андом, пӯсти мулоим ва ранги ҷолибаш ӯро туъмаи шикорчиён мегардонад.
Мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои шикори ғайриқонунии озодапаланг 9 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар гардидаст.