Ширкати русӣ муҳоҷирони тоҷикеро, ки дар сӯхтор зарар диданд, кумак мекунад

Ширкати русӣ ба беш аз 100 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар пайи як оташсӯзӣ дар ҳудуди сохтмоне дар назди метрои “Расcказовка”-и шаҳри Маскав молу ашё ва ҳуҷҷатҳояшонро аз даст доданд, кумак хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Каримҷон Салимзода, масъули бахши матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зимни суҳбат бо роҳбарияти ширкати мазкур Симонов А. А. ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маблағи барқарор кардани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ҳамчун ҷуброн аз ҷониби корфармо пардохт шавад.
Ҳамчунин роҳбарияти ширкат дар робита ба таъмини ин шаҳрвандони кишвар бо хобгоҳ, либос ва дигар лавозимоти зарурӣ изҳори омодагӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки 20 октябри соли равон дар ҳудуди сохтмоне наздик ба метрои “Расcказовка”-и шаҳри Маскави Русия сӯхтор ба амал омад.
Каримҷон Салимзода иттилоъ дод, ки дар иншооти мазкур беш аз 100 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, тибқи шартнома бо чаҳор ширкати сохтмонӣ, ба кор ҷалб шуда, 80 нафари онҳо дар хобгоҳи кунун сӯхтаи ин сохтмон иқомат мекарданд.

“Дар натиҷаи сӯхтор тақрибан 60 шаҳрванди Тоҷикистон молу ашё, зиёда аз 17 нафари онҳо ҳуҷҷатҳояшонро аз даст додаанд”, - қайд кард ӯ.

Ҳамзамон масъули бахши матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия изҳор дошт, ки бо мақсади кумаки фаврӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони корӣ кормандони сафорати Тоҷикистон ва намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, зарари муҳоҷирон ва роҳҳои рафъи мушкилоти сарзада дар пайи ин оташсӯзиро баррасӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки оташсӯшӣ дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ рух додааст.