Шарҳи расмии сӯхтори бозори "Баракат" дар Суғд: Наҷоти 100 миллион сомонии тоҷирон

Мақомот беш аз 100 миллион сомонии тоҷиронро аз сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмонӣ дар шимоли кишвар наҷот додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар калонтарин бозори масолеҳи сохтмонӣ, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро шарҳ дод.
Ин оташсӯзӣ шаби 21-уми октябр, соати 20:00 дар нуқтаи фурӯши чӯбу тахтаи маркази савдои "Баракат"-и ҶДММ "Агрофут", воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафурови шаҳри Хуҷанд ба амал омад.
Фаврӣ: Сӯхтор дар тахтабозори "Баракат" дар Суғд - видео
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон сӯхтор дар масоҳати 400 метри мураббаъ паҳн гардида, чӯбу тахтаҳои зери соябонҳоро фаро гирифта буд.
Гуфта мешавад, ин оташсӯзӣ бо қувваю воситаҳои ҷузъу томҳои Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд дар масоҳати аввалааш бо пуррагӣ хомӯш карда, дигар нуқтаҳо ва биноҳои ёрирасони зери соябонҳо аз он муҳофизат шудааст.

"Дар баробари амалиёти сӯхторхомӯшкунӣ аз ҷойи ҳодиса молу маҳсулоти соҳибкорон ба ҷойҳои безазар кӯчонида шуда, маблағи колои аз ҳодисаи сӯхтор ҳифзшуда 100 миллион сомониро ташкил медиҳад", - афзудааст манбаъ.

Вазорат нагуфтааст, ки сӯхтор аз чӣ сабаб сар зад ва таъкид кардааст, ки ҳоло аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар сохторҳои дахлдор таҳқиқи ҳодиса давом дошта, зарар ва сабаби он муайян мешавад.