Сафири Тоҷикистон дар Русия барои баррасии масоили муҳоҷиратӣ ба Чувашистон рафт

Сафири тозатаъйини Тоҷикистон бо мақсади баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба Чувашистони Русия рафт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, сафири Тоҷикистон дар Русия бо мақсади баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба Чувашистони Русия сафар кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии сафорат.
Манбаъ қайд кардааст, зимни мулоқоти сатҳи баланди ҳайати Тоҷикистон бо роҳбари Чувашистон масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ, варзишию ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар меҳвари мулоқоти мазкур баррасии фаъолияти муҳоҷирони корӣ, ҳифзи ҳуқуқи онҳо, дарёфти иҷозатномаи корӣ, ҷалби ҷамъии қувваи корӣ ба Чувашистон қарор дошт.
Ширкати русӣ муҳоҷирони тоҷикеро, ки дар сӯхтор зарар диданд, кумак мекунад
Зимни мулоқот тарафҳо қайд кардаанд, ки муҳоҷирати корӣ дар Чувашистон яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, муҳоҷирон дар Чувашистон дар қисматҳои гуногуни кишоварзӣ ва хадамоти иҷтимоӣ кору фаъолият менамоянд.
Зикр гардидааст, ки Чувашистон барои интиқоли ҷамъии нерӯи корӣ аз Тоҷикистон ба он ҷо изҳори омодагӣ намуд.
Инчунин манбаъ илова кардааст, ки дар идомаи сафар ҳайати дипломатии Тоҷикистон аз корхонаҳои истеҳсолии Чувашистон дидан кард.