Қирғизистон аз Туркияву Русия бесарнишинҳои "Байрактар" ва "Орлан-10Е" мехарад

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфт, ин ҷумҳурӣ ба маблағи 300 миллион сомонӣ таҷҳизоти низомӣ харидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Қирғизистон аз Туркия ва Русия ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин мехарад. Дар ин бора 21 октябр муовини сарвазир ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев хабар дод, менависад Sputnik Қирғизистон.
Ба гуфтаи ӯ, пул барои ин аллакай аз буҷа пардохт шудааст. Аммо Тошиев ҳаҷми маблағи сарфкарда барои харидории паҳподҳоро ифшо накард.

"Ҳоло дар Туркия барои мо бесарнишинҳои "Bayraktar" месозанд. Танҳо панҷ кишвар чунин дрон дорад ва яке аз онҳо Қирғизистон хоҳад буд. Ба зудӣ он ба мо мерасад. Айни замон мардуми мо дар Туркия барои идора (идораи бесарнишин, - аз идора) таҳсил ва омодагӣ мегиранд",- гуфт ӯ.

Аммо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мушаххас накард, ки ин кишвар кадом модели бесарнишинро мехарад ва онҳо чанд ададанд.
Хабаргузории туркии "Анадолу" менависад, ки Тошиев дронҳои "Bayraktar" TB2-ро дар назар дошт.
Аз Русия, ба гуфтаи Тошиев, Қирғизистон паҳподи "Орлан-10Е" мехарад ва маблағи он низ ҷудо шудааст.
Ҷабборов дар бораи таҳкими марз ва посухи ҷиддӣ: Мо ҳеҷ гоҳ низоъро шуруъ накардаем
"Bayraktar" аз муваффақтарин бесарнишини зарбазани истеҳсоли Туркия буда, дар низоъҳои мусаллаҳона дар Сурия ва Қаробоғи Кӯҳи истифода шудааст.
Дрони русии "Орлан-10Е" бошад, барои гузаронидани мониторинги сатҳи фазо, замин ва об пешбинӣ шудааст.