Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистон марзҳояшро ба рӯи донишҷӯёни тоҷик боз кард

Яке аз нахустин қарорҳои кабинаи нави вазирони Қирғизистон бозкушоии марзҳо шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Қирғизистон марзҳояшро ба рӯи донишҷӯёни тоҷик боз кард, хабар додааст муовини раиси Девони Вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов дар саҳифааш дар "Twitter".

"Яке аз аввалин қарорҳои Девони Вазирони нав ифтитоҳи сарҳад барои донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои мо таҳсил мекунанд - пули мустаҳками дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои бародари мо буд", - гуфтааст ӯ.

Ёдрас менамоем, ки Қирғизистон пас аз муноқишаи марзии моҳи апрел сарҳадашро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.
Ҷабборов дар бораи таҳкими марз ва посухи ҷиддӣ: Мо ҳеҷ гоҳ низоъро шуруъ накардаем
Ҷониби Қирғизистон яке аз шартҳои бозкушоии марзро анҷоми аломатгузорӣ дар сарҳади ду давлат гуфта буд.

Муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.
Мақомоти ҳар ду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.
Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Қирғизистон 40 мошини ҷангӣ харид
Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардошт. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин мунозиа 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.
Мактабе дар Турсунзода номи шаҳиди низои марзӣ Некрӯз Ғафурзодаро гирифт
Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.
Кӯчае дар Суғд ба номи прапоршики ҳалокшуда дар марз бо Қирғизистон гузошта шуд
Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.