Ин рӯйдод дар Деҳлӣ ботантана ҷашн гирифта шуд. Шодии мардумро аз навор тамошо кунед.
Ҳиндустон пас аз Чин дувумин кишвар дар ҷаҳон шуд, ки беш аз як миллиард нафарро бар зидди коронавирус эм кардааст.
Ба хотири таҷлили ин пирӯзӣ вазири тандурустии Ҳиндустон Мансух Мандавия ва муовини ӯ Бҳарати Павар дар маросими ҷашнӣ иштирок карданд.
Ба гуфти мақомоти Ҳиндустон, "кишвар ба як ҳадафи бузург ноил шудааст, ин дар муқоиса бо дигар давлатҳо дастоварди бузург аст".
Аммо тавре мақомоти Вазорати тандурустии Ҳиндустон қайд кардаанд, "дар кишвар барои эмгузаронии пурраи аҳолӣ ҳанӯз кори зиёдеро анҷом додан лозим аст".
Дар ин маросими тантанавӣ инчунин сокинон ва меҳмонони шаҳр иштирок карданд.