Станислав Зас ба Тоҷикистон меояд

Интизор меравад, 22 октябр раҳбари СААД бо сафари корӣ вориди Тоҷикистон шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас омодагии сарбозонро дар марҳилаи ниҳоии тамринҳо дар Тоҷикистон имтиҳон хоҳад кард.
Маҳз ба ҳамин хотир ӯ рӯзи 22-юми октябр озими Тоҷикистон мешавад.
Аз ин пеш, рӯзи 19-уми октябр фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия Александр Лапин барои санҷиши омодагии ҷузъу томҳои низомӣ дар марҳилаи ниҳоии машқҳои низомӣ ба Тоҷикистон омад.
Видеои нобуд сохтани душман дар размоишгоҳи Ҳарбмайдон
Ёдовар мешавем, 18 октябр дар размоишгоҳҳои Ҳарбмайдон ва Момирак, ки дар наздикии марзи Афғонистон ҷойгиранд, се тамрини низомӣ ба кор оғоз намуданд.
Дар ин машқҳои муштарак 4000 низомӣ бо беш аз 500 адад таҷҳизот аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.