ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар шоҳроҳи Ваҳдат - Лахш - Рашт садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ин ниҳод меафзояд, садама нисфирӯзии 20-уми октябр, дар рӯ ба рӯи деҳаи Бобои Валии ноҳияи Файзобод рух додааст.
Ронандаи 43-сола аз шаҳраки Ғарм ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ваҳдат - Лахш - Рашт, дар ҳудуди ноҳияи Файзобод аз уҳдаи идора кардани нақлиёт набаромадааст.
Дар натиҷа номбурда ба автомашинаи "Лада-2017", таҳти идораи ронандаи 59-сола, сокини деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрдааст.
Пас аз бархӯрди ду худрав ронандаи автомашинаи "Лада-2017" аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ҳамчунин ду мусофираш, ки яке 44 ва дигаре 12 сол доранд, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.