Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон 4 “қадам” пеш рафт

Тоҷикистон дар рейтинги нави Федератсияи Байналмилалии Футбол мавқеяшро тағйир дод ва чор зина пеш рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт – Sputnik. Бар пояи ин радабандӣ, ки дар сомонаи ташкилот нашр шуд, Тоҷикистон миёни 210 кишвари ҷаҳон дар мақоми 114 қарор гирифтааст. Дар радабандии гузашта мунтахаби кишвар дар ҷойи 118 буд.
Тибқи нишондоди ФИФА, яккачини Тоҷикистон бо 1157.77 имтиёз дар ин мақом ҷой гирифтааст.
Дар рейтинг чун моҳи пеш дастаи мунтахаби Белжик бо 1832.33 имтиёз пешсаф аст.
Дар байни тимҳои миллии Осиё Тоҷикистон дар зинаи 21-ум қарор дорад.
Аз дастаҳои осиёӣ Эрон пешсаф буда, Ҷопон мақоми дувум ва Австралия ҷои сеюмро касб кардаанд.
Русия бошад, бо 1497 имтиёз дар мақоми 33 қарор гирифтааст.
Бори аввал дар 7 сол: Тоҷикистон ва Қазоқистон бозии тимҳои мунтахабро анҷом медиҳанд
Дар ин рейтинг чун дастаи мунтахаби Белжик пешсаф буда, зинаи дуюмро Бразилия ва сеюмро Фаронса аз худ кардаанд. Ба даҳгонаи тимҳо Италия, Англия, Аргентина, Испания, Португалия, Мексика ва Дания ворид шуданд.
Ёдовар мешавем, нишондиҳандаи беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги дастаҳои ҷаҳонӣ дар моҳи июли соли 2013 буд, ки ябора 40 зина боло рафта дар ҷойи 106-ум қарор гирифт.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешаванд.