ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Модели мавҷудаи капитализм дар ҷаҳон куҳна шудааст, гуфт президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай".
"Модели мавҷудаи капитализм, ки имрӯз асоси сохтори иҷтимоӣ дар аксарияти куллии кишварҳост, куҳна шудааст", - гуфт раҳбари Русия.
Путин таъкид кард, ки дар доираи капитализм роҳи халосиро аз "печутоби мухолифатҳои торафт печида" пайдо кардан ғайриимкон аст.
Президенти Русия инчунин диққати худро ба нобаробарӣ дар ҷомеаи ҷаҳон дар системаи ҳозираи иҷтимоӣ ҷалб намуд.
"Ҳатто дар сарватмандтарин кишварҳо ва минтақаҳо тақсимоти нобаробар дар сарватҳои моддӣ боиси амиқтар шудани нобаробарӣ мегардад. Пеш аз ҳама нобаробарии имкониятҳо ҳам дар дохили ҷомеа ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ", - афзуд Путин.