Президент бори дигар ба ноҳияи Темурмалик рафт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон тайи як сафари корӣ бори дигар ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон рафт. Сафари қаблии ӯ як моҳ қабл сурат гирифт, ки дар он чанд иншооти ҷашниро ифтитоҳ карда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон рафт.
Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мазкур чандин биноро мавриди истифода қарор дода, бо сокинони маҳаллӣ мулоқоту дидорбинӣ хоҳад кард.
Манбаъ меафзояд, "нахуст сарвари давлат дар ноҳияи Темурмалик бинои Муассисаи таълимии Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангуртро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд".
Ба иттилои манбаъ, Коллеҷи тиббӣ бо шакл ва тарҳи ҷолиб бунёд шуда, аз се ошёна иборат ва имкони фарогирии 250 нафар донишҷӯйро дорад.
Раҳмон аз Балҷувон ба Темурмалик рафт
Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик баъд аз таъмиру азнавсозӣ боғчаи кӯдаконаи “Бону”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.
Гуфта мешавад, таъмиру таҷдид ва таҷҳизи кӯдакистони “Бону” дар деҳоти Кангурт аз тарафи соҳибкор Акбар Асадулло бо масрафи зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ анҷом шудааст.
Ин кӯдакистон ҳанӯз соли 1985 сохта шуда, имконияти фарогирии то 200 кӯдакро дорад.