Муҳриддин ба сафири тозатаъйини Белорус дар Тоҷикистон муваффақият хост

Виктор Денисенкоро кишвардори Белорус Александр Лукашенко пас аз сафар ба Тоҷикистон сафир таъйин кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Сафири Белорус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко ба фаъолият шуруъ кард. Котиботи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сафири навтаъйинро вазири ин ниҳод Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳузур пазируфт.
Мулоқоти Муҳриддин ва Денисенко рӯзи 21-уми октябр баргузор гашт ва сафири нав ба вазири тоҷик нусхаи эътимоднома супурд.
Манбаъ меафзояд, зимни суҳбат дар бораи вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус муҳокима сурат гирифт.
Худоҳофизии сафири Беларус бо Сироҷиддин Муҳриддин
Роҳбари ВУХ Тоҷикистон ба Виктор Денисенко барои густариш додани робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Белорус муваффақият таманно кард.
Ёдовар мешавем, Александр Лукашенко пас аз сафар ба Тоҷикистон Олег Ивановро аз вазифаи сафири ин кишвар дар Тоҷикистон сабукдӯш кард. Сабаби аз вазифа сабукдӯш шудани Иванов рӯшан нашуд.
Президент пас аз таъйини сафири нав дар суҳбат ба ӯ гуфт, ки Тоҷикистон на танҳо як кишвари дӯст, балки миёни ӯву Эмомалӣ Раҳмон дӯстии қавӣ вуҷуд дорад.