ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар сайти эълонҳои кор дар метрои шаҳри Маскав метавон ҷойҳои холии хазинадор барои нафароне, ки забони тоҷикӣ ё ӯзбекиро медонанд, пайдо кард.
Ҷои кори холӣ марбути истгоҳи Лесопарково аст, ки аз он ҷо автобусҳо ба маркази муҳоҷират, воқеъ дар Сахарово мераванд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълони чунин ҷойҳои холии корро сард ва ҳатто бо хашм қабул карданд.
Аммо тавре раиси Комиссияи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо ва динҳои Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия Владимир Зорин дар муколама бо хабарнигори Sputnik гуфт, ин як иқдоми мантиқӣ аз ҷониби метро аст.
"Он мушкилоти эҳтимолии забон барои хориҷиёнеро, ки ба маркази муҳоҷират мераванд, осон мекунад", - афзуд коршинос.
Зорин пайдо кардани корманд, хазинадореро, ки бо забонҳои ӯзбекӣ ё тоҷикӣ ҳарф занад ё истихдоми тарҷумон барои муҳоҷирон дар назди хазинаи истгоҳи метроро иқдоми муносиб хонд.
Ба гуфтаи Владимир Зорин, коргароне, ки дониши забонҳои гуногун доранд, ба бозори меҳнат таҳдид намекунанд.
"Донистани забонҳои дигар маънии инкори забони русиро надорад. Барои як истгоҳ ҳадди аксар се нафар пайдо мешавад, агар онҳо дар баст кор кунанд", - хулоса кард коршинос.
Зорин инчунин гуфт, ки барои Маркази сайёҳии Маскав низ, тибқи ҳамин принсип, шояд мутахассиси забони чинӣ лозим шавад.