Толибон* вориди Маскав шуданд

Ҳайати "Толибон"* барои иштирок дар музокира дар бораи Афғонистон вориди шаҳри Маскав шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Намояндагони "Толибон"* дар раъси як ҳайат вориди шаҳри Маскав шуданд. Ҳадаф аз сафари онҳо иштирок дар музокиротест, ки ба маъалаи Афғонистон бахшида шудааст.
Дар робита ба сафари "Толибон"* сухангӯи ин ҳаракат Хайруллоҳ Хайрхоҳ изҳор доштааст, ки баргузор шудани мулоқотҳои дуҷониба низ ба назар гирифта шудааст.
Зикр мегардад, ки дар машваратҳои бисёрҷониба намояндагони даҳ кишвари минтақа, инчунин ҳайати баландпояи "Толибон"* таҳти сарварии муовини сарвазир Абдусалом Ҳанафӣ иштирок хоҳанд кард.
Лавров: "Толибон"*-ро ба ташкили ҳукумати фарогир ташвиқ мекунем
Дар ин нишаст вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров низ ширкат меварзад.
Масъалаҳои асосии ин нишаст вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон пас аз ба сари қудрат омадани "Толибон"* дар ин кишвар, кумакҳои башардӯстона ва ташкили ҳукумати фарогир хоҳад буд.
* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия