Рӯзи 20-уми октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?
Соли 1714 Пётри I қарореро дар бораи манъи истифодаи санг дар сохтмонҳои Русия, ба истиснои Санкт-Петербург имзо кард.
Соли 1822 дар Англия шумораи нахустини рӯзномаи "The Sunday Times" ба нашр расид.
Соли 1868 дар Киев нахустин бонки хусусии тиҷоратӣ ифтитоҳ ёфт.
Соли 1945 аввалин маротиба занҳо дар Фаронса ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро ба даст оварданд.
Соли 1982 дар Лужники фоҷиа рух дод: дар натиҷаи танбашавӣ 66 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Рӯзи 20-уми октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?
Соли 2006 оғози бунёди нақби Шар-Шар.
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи тиҷиратию иқтисодии байниҳукуматии Тоҷикистону Русия баргузор шуд.
Соли 2011 масоили тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ гардид.
Ҷашнҳои рӯзи 20-уми октябр
Рӯзи ҷаҳонии танзимгарони ҳавоӣ.
Рӯзи байналмилалии ошпаз.
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди остеопороз.
Рӯзи 20-уми октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 858-941 – асосгузори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ.
Соли 1924 – доктори илмҳои тиббӣ Саъдинисо Ҳакимова.
Соли 1933 – муаллими хизмтнишондодаи ИҶШС Идӣ Халифаев.
Соли 1950 – рӯзноманигор Қурбон Мадалиев.
Соли 1953 – файласуф Рустам Назаров.
Соли 1959 – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко.