ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар ҷараёни машваратҳо дар бораи Афғонистон дар Маскав намояндаи махсуси президенти Русия дар умури Афғонистон Замир Кобулов ба мавзӯи эътирофи байналмилалии ҳукумати "Толибон"* дахл кард.
Вай гуфт, ин масъала дар ҷараёни музокироти кишварҳои узв ба миён гузошта шудааст.
"Албатта, ин лаҳза рӯзе фаро мерасад. Аммо он замоне мерасад, ки аксарияти интизориҳои ҷомеаи байналмилалӣ бароварда шавад, аз ҷумла риояи ҳуқуқи башар ва таъсиси ҳукумати фарогир", - афзуд Кобулов.
Ин сиёсатмадор афзуд, ки дар робита ба ин масъала барои "Толибон"* "ҳеҷ муҳлат"-е муқаррар нашудааст.
Намояндаи Вазорати хориҷа қайд кард, Русия интизор дорад, ин гурӯҳ ваъдаҳои худ ба ҷомеаи байналмилалиро иҷро мекунанд.
Вазорати умури хориҷии Русия ин гуна мавзеъгириро шарти эътирофи Толибон дар Афғонистон номид.
Пештар вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров низ гуфта буд, ки мавзуъҳои ҳукумати фарогир ва эҳтироми ҳуқуқи башар дар Афғонистон бо ҳайати "Толибон"* муфассал баррасӣ шудаанд.
* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия