Қазияи қарзгирии ду ҳамсоя ва дӯст аз "Тоҷиксодиротбонк" то милиса рафт - видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 57-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар дод, ки бо гарав мондани хонаи дӯсташ 20 ҳазор доллар гирифта, онро барнагардондааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. ВУД мегӯяд, марди муттаҳам ҳуҷҷатҳои манзили зисти ҳамдеҳаашро чанд соли қабл дар "Тоҷиксодиротбон" ба гарав гузошта, 20 ҳазор доллар қарз гирифтааст.
Таъкид шудааст, ки ӯ 6 ҳазор долларро барои пардохти фоиз ба дӯсту ҳамдеҳааш дода, ваъда додааст, ки боқимондаро дар давоми 40 рӯз пас мегардонад. ВУД бо нашри гузориш изҳор дошт, ки инчунин муттаҳам моҳи майи соли 2020 ба маблағи беш аз 28 ҳазор сомонӣ аз ҷабрдида гирифта, ваъда додааст, ки ҳамаи пулро якҷоя бармегардонад, аммо ба ваъдааш боз вафо накардааст.
Ҷабрдида дар гузориши нашркардаи ВУД мегӯяд, бо фоизҳо қарзи қариб 10 сол пеш гирифтааш 30 ҳазор доллар шуд, ки молу ашё ва мошинашро фурӯхта, пули бонкро дод.
Ӯ афзуд, ки ҳамчун ҳамсоя ва ҳамчун рафиқ марди муттаҳамро чандин бор огоҳ кард, ки пулро гардонад, аммо қариб 10 сол аст, ки мавриди фиреб қарор мегирад.
Дар пайи муроҷиат ба милиса алайҳи марди муттаҳам парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, феълан тафтишот идома дорад.
Назари худи айбдоршаванда ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.