Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Оғози парвози ширкати дигари ҳавопаймоии Русия ба Тоҷикистон

Аз тариқи хатсайри ҷадид аз Маскав, Санкт -Петербург ва Магнитогорск ба Тоҷикистон парвоз кардан имконпазир мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Русия "Nordwind" парвозҳо ба Тоҷикистонро оғоз мекунад, хабар медиҳад "АвиаПорт".
Ин ширкат сар аз 25 октябр аз Маскав ба шаҳри Бохтар парвозҳо анҷом медиҳад. Ҳавопаймоиин ширкат ҳафтае як маротиба, рӯзи душанбе озими Бохтар мешавад.
Дар торномаи ширкати ҳавопаймоӣ ҳангоми интихоби билет чиптаи барои рӯзи панҷшанбе - 28 октябр низ дастрас аст.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Парвозҳо аз Сургут ба Тоҷикистон барқарор шуданд
Ҳамчунин аз 31октябр ҳавопаймоҳои ин ширкат аз Магнитогорск ба Душанбе парвоз мекунанд.
Парвозҳо бо ҳавопаймои "Боинг-737-800" бо 189 ҷойи нишаст анҷом дода мешаванд.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Ифтитоҳи хатти ҷадиди парвоз дар миёни Русия ва Тоҷикистон
Тавре қаблан ситоди муқобила бо паҳншавии коронавирус дар Русия хабар дода буд, парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон аз аввали моҳи октябр бояд афзоиш дода мешуд.