ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ин ситораи балети ҷаҳон аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати фарҳанг.
Сафари Ҳунарманди мардумии Русия ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон моҳи декабр сурат мегирад.
Чаҳоруми декабр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ нахустин бор балети "Садди оташ" намоиш дода мешавад, ки оҳангсози он Қудратулло Яҳёев аст. Ҳамчунин дар назар аст, шоми эҷодии Фаррух Рӯзиматов низ баргузор шавад.
Ёдовар мешавем, ки Фаррух Рӯзиматов солҳои 1986-2007 солисти пешбари театри Мариинский буд.
Соли 1988 ба ӯ унвони Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон дода шуд, соли 1998 барандаи ҷоизаи "Ниқоби тиллоӣ" гардиду Ҳунарманди мардумии Русия аст ва ҳамчунин раҳбари бадеии Театри Калони Ӯзбекистон низ буд.
Рӯзиматов 26 июни соли 1963 дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст. Он вақт падару модараш, ки зодагони вилояти Ленинободи ҶШС Тоҷикистон буданд, дар ин шаҳр ба сар мебурданд.
Соли 1973 омӯзгори мактаби балети Ленинград ба номи Ваганова Фаррухро барои таҳсил дар он интихоб кард.
Пас аз хатми мактаб ӯро дар Театри опера ва балети Ленинград ба номи Киров ба кор қабул карданд.
Солҳои 2007-2009 роҳбари бадеии театри Михайловский буд.
Дар солҳои фаъолияташ Рӯзиматов дар ин вазифа ҳафт спектакли навро омода кард, ки дар Лондон, Венетсия, Токио ва дигар шаҳрҳо намоиш дода шуданд ва ба ҷоизаи олии Бритониё дар соҳаи санъати рақс - "National Dance Awards" пешбарӣ гардиданд.
Аз соли 2009 ӯ касби раққосии худро дубора оғоз ва барномаи шахсии худро омода кард, ки ба он ҳунармандони театрҳои Мариинский, Болшой ва Михайловскийро ҷалб намуд.
Аз моҳи сентябр то декабри соли 2018 раҳбари бадеии Театри калони Ӯзбекистон буд.
Аз моҳи марти соли 2021 - раҳбари труппаи балети Театри опера ва балети Новосибирск (НОВАТа )мебошад.