Донандаи 4 забону овозхони фитрӣ: Илҳом Тагиров, ки доварони "Голос"-ро тасхир кард, кист?

Илҳом орзуи овозхон шуданро надошт. Ӯ хост бахташро дар озмуни "Голос" санҷад. Ҷонибдории якбораи чор довар барояш ғайричашмдошт буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Номи Илҳом Тагиров барои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва тамошобинони барномаи телевизиони "Якум"-и Русия ҳамагӣ чанд рӯз пеш ошно шуд. Ин зодаи Тоҷикистон дар барномаи "Голос" бо як баромади ҷаззобаш довар ва тамошобинонро тасхир кард. Таронаи "Dream a Little, Dream of Me" (Каме хоб кун, дар хобат бубинам)-и Фабиан Андре ва Уилбур Швандт дар иҷрои ҷавони тоҷик баҳои баланд гирифт.
Вақте ӯ сурудани таронаро сар кард, овозхони номии рус ва яке аз доварон Дима Билан сарояндаро "заргар" номид, доварони дигар дар дақиқаи аввал ба сӯйяш гаштанд.
Баъди иҷрои тарона садои қарсаки тамошобинони толору доварон ва садои "Офарин!", "Бараво!" баланд шуд.
Ҷавон худро шинос кард: Илҳом Тагиров, Душанбе, Тоҷикистон.
"Шумо чӣ гуна ин хел тайёр омадед? Гӯё моро масҳ кардед", - гуфт дарҳол яке аз доварон Пелагея.
"Ӯ худ намедонад, ки чӣ гуна ин хел омадааст. Вай танҳо ҳунарнамоӣ кард. Албатта, ҳар яке аз мо мехоҳад, ки Шумо ба ҷониби мо оед. Ман, масалан, намедонам, ки диапазони шумо чӣ гуна аст, аммо дер боз чунин иҷрои фантастикии тарона ва дақиқу зеборо нашунида будам. Супер, ба ҷониби касе рав, ки мехоҳӣ", - гуфт дар посух довари дигар Александр Градский.
Овозхон Леонид Агутин низ гуфтаҳои Градскийрро тасдиқ кард ва гуфт, ки ӯ низ мехост Илҳомро дар командаи худ бубинад.
Илҳом аз ҳар яки онҳо изҳори миннатдорӣ ва барои иштирок дар давраҳои минбаъда Дима Биланро ҳамчун устод интихоб кард.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоии сегменти тоҷикӣ низ баъди нашри даври аввали барномаи "Голос" ҳунарнамоии Тагировро пазироӣ намуда, ҳунари ӯро мояи ифтихор хонданд ва барояш муваффақият хостанд. Баромади ҷавонро дар озмуни "Голос" дар "Ютуб" то имрӯз бештар аз 380 ҳазор бор тамошо кардаанд.
Илҳом Тагиров кист, аз куҷо омадаасту ба куҷо рафтан мехоҳад? Дар ин бора Sputnik Тоҷикистон бо худи ҷавон суҳбат кард.

Орзуи овозхон шуданро надоштам

Илҳом Тагиров 27 сол дорад ва зодаи шаҳри Турсунзода мебошад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, донанадаи чор забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ аст. Тавре худаш мегӯяд, маълумоти мусиқӣ надорад ва касе аз хонаводаашон санъаткор ҳам нест.
"Модарам омӯзгор ва падарам дар Коргоҳи алюминӣ кор мекард. Вақте ба донишгоҳ дохил шудам, бо хонаводаамон ба Душанбе кӯчидем. Ман, ки ба факултаи забони чинӣ дохил шуда будам, муддати зиёд дар Чин кору таҳсил намудам", - мегӯяд вай.
Овозхон таъкид мекунад, ки роҳи вай ба санъат дар ДСТР боз шуд: ба дастаи ҳунарии донишгоҳ ворид шуда, ба машқи мусиқӣ сар кард.

"Мо ду дастаи ҳунарӣ доштем, ки яке "Славянҳо" ном дошт. Ҳар сол ба он донишҷӯёнро қабул мекарданд. Ман ҳам ба он ворид шуда, бо муаллимон машқро шуруъ ва дар ҳаёти фарҳангии ДСТР фаъолона ширкат кардам", - мегӯяд Тагиров.

Ба қавли ҷавон, ӯ дертар берун аз ансамбл ҳам ба тамрини мусиқӣ шуруъ кард; вақте барои сайқал додани забономӯзӣ ба Чин сафар кард, ба сурудхонӣ дар қаҳвахонаву тарабхонаҳо пардохт ва аз касби дӯстдоштааш музд ба даст меовард.
То сафар ба Маскав иштирокдори озмун дар Тоҷикистон қарор дошт: рӯзона тарҷумонӣ мекарду шомгоҳон таронахонӣ.

"Даниел Рустамов, зодаи дигари Тоҷикистон низ, ки иштирокдори "Голос" аст, маро аз оғози ин озмун огаҳ кард. Ман ҳам ба хотири бахтамро санҷидан, як-ду сабти таронаҳо ва аксҳоямро равон кардам", - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Озмун то оғози сабт ду даврачаи дигар низ дорад: аввал аксу наворҳоро бояд равон кард, ки дар натиҷа аз тамоми ҷаҳон 700 нафар интихоб мешавад. Кастинги дигари онлайн аст ва аз он боз 120 нафарро интихоб карда, ба Маскав даъват мекунанд.
Зодаи Тоҷикистон он давраҳоро гузашта, феълан ба ҳайати 48-нафарии иштирокдорони давраи асосии дувум ворид шудааст.
Ба қавли Тагиров, ҳоло омодагиҳо ба давраи дувум сар шудаанд. Интизор меравад, ки ин давра дар моҳи ноябр баргузор шавад.
Ӯ иқрор мешавад, ки танҳо ба як довар умед дошт: "Фикр мекардам, ки яке курсияшро ба ҷонибам хоҳад гардонад ва ман низ ба командаи ӯ шомил хоҳам шуд".
Ҷавони тоҷик ба Дима Билан чанд таронаи дигар сурудааст, то барояш таронаи мувофиқро пайдо кунад.
"Билан ба он нигоҳ накарда, ки профессионал аст, инсони хоксор низ мебошад. Ман ҳам барои он ӯро инхоб кардам, ки як чизи нав ва замонавӣ омӯзам", - қайд мекунад ӯ.

Донандаи чор забоне, ки мехоҳад санъатро пеша кунад

Ба Илҳом Тагиров бештар таронаҳои ҷаз писанаданд. Вай мегӯяд, ба овозаш бештар ин равия мувофиқ аст. Ӯ бештар ба ҷази англисӣ шавқ дорад ва аз овозхонҳо Фрэнк Синатра ва Ҷон Легендро гӯш мекунад.
Ин ҷавон мегӯяд, ки таронаи тоҷикӣ насуруда, ҳарчанд сурудҳои тоҷикиро гӯш мекунад.
"Дар Чин, ки бештар фаъолияти эҷодиям ба он кишвар рост омад, сурудҳои англисӣ ва каме чинӣ мехондам. Таронаҳои русиро ҳам қариб ки насурудаам", - мегӯяд ҷавон.
Вақте доварон донистанд, ки Илҳом ба хотири иштирок дар "Голос" аз Тоҷикистон ба Маскав омадааст, аз вай хоҳиш карданд, ки наравад. "Нарав. Дар ин ҷо лозим мешавӣ", - гуфт Пелагея.
Илҳом низ умед дорад, озмун боиси ифтитоҳи қуллаи мурод ба рӯяш мешавад ва ӯ дар ин соҳа фаъолияташро идома медиҳад.

" Албатта, ин ҷо имкониятҳо зиёданд, чаро аз он истифода накунам? Ман мехоҳам худро дар мусиқӣ санҷам ва дар ҳамин соҳа рушд кунам. Ҳамаш аз рафти озмун маълум мешавад", - меафзояд вай.

Илҳомро дар сафар ба Маскав модараш, ҳамсару хоҳар як писарчааш ҳамроҳӣ мекунанд.
Ӯ мегӯяд, дар масалаи ҳуҷҷатгузорӣ низ мушкилӣ надорад, чун бародараш муқими пойтахти Русия асту барояш кӯмак кардааст: ӯ тамоми имкониятҳоро барои татбиқи истеъдоду сайқали ҳунараш дорад ва умед дорад, ки бо гузашти вақт дар роҳи интихобкардааш муваффақ мешаваду боз як номбардори Тоҷикистон мегардад.